Пешгӯии обу ҳаво барои 16 январ

    Имрӯз рӯзона дар вилоятҳои Тошканд, Ҷиззах, Сирдарё ва вилоятҳои водии Фарғона боришот (борон, барф) дар назар аст. Дар қаламрави боқимонда боришот пешбинӣ нашудааст. Дар баъзе ҷойҳо эҳтимоли фаромадани туман ҳаст. Шамол дар як сония 7-12 метр мевазад. Ҳарорат 2-7 дараҷа, дар шимол 0-5 дараҷа гарм мешавад.

    Тибқи иттилои хидмати Узгидромет, дар пойтахт баъзан боришот (борон, барф) меборад. Пагоҳӣ эҳтимоли фаро гирифтани туман ҳаст. Шамол дар як сония 3-8 метр мевазад. Ҳарорат 2-4 дараҷа гарм мешавад.

    Дар ноҳияҳои кӯҳӣ баъзан барф меборад. Эҳтимоли фаро гирифтани туман ҳаст. Дар минтақаҳои кӯҳии вилоятҳои Тошканд ва Намангон хатари фаромадани тарма вуҷуд дорад. Шамол дар як сония 7-12 метр мевазад. Ҳарорат 3 дараҷа сард — 2 дараҷа гарм мешавад.