Имрӯз рӯзона дар Ӯзбекистон ҳавои бебориш дар назар буда, танҳо дар вилоятҳои водии Фарғона ва бегоҳ дар вилояти Сурхондарё дар баъзе ҷойҳо борон меборад, раъду барқ ба амал меояд, дар баъзе ноҳияҳо жола меборад. Шамол дар як сония 7-12 метр вазида, дар баъзе ҷойҳо то 17-22 метр шиддат гирифта, дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилоятҳои Хоразм, Бухоро, Навоӣ, Фарғона эҳтимол то 25-28 метр шадид шуда, дар баъзе ноҳияҳо ғӯбори чанголуд ба амал меояд. Ҳарорат 10-15 дараҷа, дар шимол 7-12 дараҷа гарм мешавад.
Тибқи маълумоти хидмати Узгидромет, дар пойтахт боришот намешавад, шамол дар як сония 5-10 метр мевазад. Ҳарорати ҳаво 12-14 дараҷаро ташкил медиҳад.
Дар ноҳияҳои кӯҳӣ баъзан борон борида, дар баъзе ҷойҳо ба барф табдил меёбад. Дар доманакӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳӣ омадани сел ва обхезӣ имконпазир аст. Шамол дар як сония 7-12 метр ва дар баъзе ҷойҳо то 17-22 метр мевазад. Ҳарорат 5-10 дараҷа гарм мешавад.