Тибқи маълумоти хидмати Узгидромет, дар пойтахт боришот намешавад, шамол дар як сония 5-10 метр  мевазад. Ҳарорати ҳаво 12-14 дараҷаро ташкил медиҳад.

Дар ноҳияҳои кӯҳӣ баъзан борон борида, дар баъзе ҷойҳо ба барф табдил меёбад. Дар доманакӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳӣ омадани сел ва обхезӣ имконпазир аст. Шамол дар як сония 7-12 метр ва дар баъзе ҷойҳо то 17-22 метр мевазад. Ҳарорат 5-10 дараҷа гарм мешавад.