Тибқи иттилои хидмати Узгидромет субҳ дар пойтахт каме барф меборад ва туман падид меояд. Дар баъзе ҷойҳои роҳҳо яхбандӣ ҳосил мешавад. Шамол дар як сония  5-10 метр мевазад. Ҳарорат 1 дараҷа сард ва 1 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои кӯҳӣ баъзан барф меборад ва фаромадани туман дар назар аст. Дар баъзе ҷойҳои  роҳҳо яхбандӣ ҳосил мешавад. Хавфи тармакӯчӣ ҳаст. Шамол 7-12 метр мевазад. Ҳарорат 4-9 дараҷа хунук мешавад.