Имрӯз дар саросари кишвар ҳавои хушку гарм идома хоҳад кард. Дар баъзе ҷойҳо вазиши шамол дар як сония то 15-20 метр сурат гирифта, ғубори чанголуд падид меояд. Дар баъзе ноҳияҳо вазиши шамол дар як сония то 22-25 метр мешавад. Аз доманакӯҳҳо ва қаламрави кӯҳистонии вилояти Фарғона эҳтимоли гузаштани селҳои пиряхӣ ҳаст. Ҳарорат дар ҳудуди 38-43 дараҷа, дар ҷануб ва биёбон дар баъзе ҷойҳо то 44-45 дараҷа боқӣ мемонад.
Тибқи иттилои хидмати Узгидромет, дар пойтахт ҳаво офтобӣ мешавад. Ҳарорати баландтарин ба 39-41 дараҷа мерасад.
Дар ноҳияҳои кӯҳсор борон намеборад. Шамол дар як сония бо суръати 7-12 метр мевазад, дар баъзе ҷойҳо то 15-20 метр шиддат гирифта, дар баъзе ноҳияҳо чанги ғуборолуд ба вуҷуд меояд. Ҳарорати ҳаво 30-35 дараҷаро ташкил медиҳад.