Мувофиқи маълумоти хидмати Узгидромет дар пойтахт гоҳ-гоҳ борон меборад. Шамол дар як сония 5-10 метр мевазад. Ҳарорат 12-14 дараҷа мешавад.
Дар доманакӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳӣ бориш баъзан шадид мешавад. Эҳтимоли фаро гирифтани туман ҳаст. Шамол дар як сония бо суръати 7-12 вазида, дар баъзе ҷойҳо то 15-20 метр шиддат мегирад. Ҳарорат 4-9 дараҷа гарм мешвад.