Мувофиқи маълумоти хидмати Узгидромет дар пойтахт боришот намешавад. Субҳ фаромадани туман имконпазир аст. Шамол дар як сония 3-8 метр мевазад. Ҳарорат 10-12 дараҷа гарм мешавад.

Дар доманакӯҳҳо ва кӯҳистон дар баъзе ҷойҳо эҳтимоли боришот (борону барф) ҳаст. Баъзе ҷойҳоро эҳтимол туман фаро гирад. Шамол дар як сония 7-12 метр мевазад. Ҳарорат 2-7 дараҷа  гарм мешавад.