Пешгӯии обу ҳаво барои 29 март

    Имрӯз рӯзона дар баъе ҷойҳои вилоятҳои Тошканд, Самарқанд, Ҷиззах, Сирдарё, Қашқадарё ва Сурхондарё борон меборад, дар ноҳияҳои ҷудогона борони шадид меборад. Дар нимаи аввали рӯз дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилоятҳои Навоӣ ва шомгоҳӣ дар вилоятҳои водии Фарғона дар баъзе ҷойҳо борони сабук меборад. Дар вилоятҳои Хоразм ва Бухоро бориш пешбинӣ нашудааст. Шамол бо суръати 7-12 метр вазида, дар баъзе ҷойҳо то 15-20 метр, дар баъзе ноҳияҳо то 22-25 метр дар як сония шиддат мегирад. Ҳарорат 8-13 дараҷа гарм мешавад.

    Бино ба иттилои хидмати Узгидромет дар пойтахт баъзан борон меборад. Шамол дар як сония бо суръати 5-10 метр вазида, эҳтимолан то 12-17 метр пурзӯр гардад. Ҳарорат 10-12 дараҷа гарм мешавад.

    Дар доманакӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳӣ гоҳ-гоҳ борон борида, баъзан шиддат мегирад. Хавфи тармакӯчӣ ҳаст. Ҳодисахои селу обхезӣ имконпазир аст. Шамол дар як сония 7-12 метр ва дар баъзе ҷойҳо то 13-18 метр мевазад. Ҳарорат 2-7 дараҷа гарм мешавад.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates