Бино ба иттилои хидмати Узгидромет дар пойтахт баъзан борон меборад. Шамол дар як сония бо суръати 5-10 метр вазида, эҳтимолан то 12-17 метр пурзӯр гардад. Ҳарорат 10-12 дараҷа гарм мешавад.

Дар доманакӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳӣ гоҳ-гоҳ борон борида, баъзан шиддат мегирад. Хавфи тармакӯчӣ ҳаст. Ҳодисахои селу обхезӣ имконпазир аст. Шамол дар як сония 7-12 метр ва дар баъзе ҷойҳо то 13-18 метр мевазад. Ҳарорат 2-7 дараҷа гарм мешавад.