Имрӯз рӯзона дар Ӯзбекистон ҳавои нимаабрӣ ва бебориш дар назар аст, танҳо дар Қароқалпоқистон, вилоятҳои Бухоро, Қашқадарё, Сурхондарё дар нимаи дуюми рӯз ва дар баъзе ҷойҳои вилоятҳои Самарқанд, Ҷиззах борон меборад. Дар баъзе ҷойҳо фаромадани туман мумкин аст. Шамол дар як сония 7-12 метр мевазад. Ҳарорати ҳаво 12-17 дараҷа гарм мешавад.
Тибқи иттилои хидмати Узгидромет дар пойтахт борон намеборад. Субҳ туман паҳн мешавад. Шамол дар як сония 3-8 метр мевазад. Ҳарорат 15-17 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои кӯҳӣ баъзан борон, дар баландкӯҳҳо борон ва барф меборад. Дар баъзе ҷойҳо эҳтимоли фаромадани туман ҳаст. Шамол дар як сония 7-12 метр мевазад. Ҳарорат 3-8 дараҷа гарм мешавад.