Имрӯз рӯзона дар Ӯзбекистон ҳавои бебориш дар назар буда, танҳо дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилояти Хоразм дар баъзе ҷойҳо борони кӯтоҳмуддат меборад, раъду барқ ба амал меояд, дар вилоятҳои Бухоро, Навоӣ дар нимаи дуюми рӯз дар баъзе ҷойҳо борон ва раъду барқ пешбинӣ шудааст. Шамол дар як сония 7-12 метр вазида, дар баъзе ҷойҳо то 15-20 метр шиддат гирифта, дар шимол ва биёбон то 22-25 пурзӯр шуда, дар баъзе ноҳияҳо чанги ғуборолуд падид меояд. Ҳарорат 22-27 дараҷа гарм мешавад.
Мувофиқи маълумоти хидмати Узгидромет, дар пойтахт боришот пешбинӣ нашудааст. Шамол дар як сония 7-12 метр мевазад. Ҳарорат 23-25 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои кӯҳӣ дар баъзе ҳудудҳо борони кӯтоҳмуддат меборад, раъду барқ ба амал меояд. Шамол дар як сония бо суръати 7-12 метр вазида, то 15-20 метр шиддат мегирад. Ҳарорат 13-18 дараҷа гарм мешавад.