Имрӯз рӯзона дар Ӯзбекистон ҳавои нимаабрӣ ва бебориш, танҳо дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилояти Хоразм боридани борон дар шом ва раъду барқ дар назар дошта шудааст. Шамол дар як сония 7-12 метр вазида, дар баъзе ҷойҳо то 15-20 метр шиддат гирифта, дар ноҳияҳои ҷудогона тӯфони чанголуд падид меояд. Дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилоятҳои Навоӣ, Қашқадарё, Ҷиззах эҳтимол шамол дар як сония то 20-02 метр шиддат гирад. Ҳаво 12-17 дараҷа, дар ҷанубу биёбон то 30 дараҷа гарм мешавад.
Мувофиқи маълумоти хидмати Узгидромет, дар пойтахт боришот намешавад. Шамол дар як сония 7-12 метр мевазад. Ҳарорат 25-27 дараҷа гарм мешавад.
Дар доманакӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳӣ боришот пешбинӣ нашудааст. Хавфи тармакӯчӣ ҳаст. Шамол бо суръати 7-12 метр, дар баъзе ҷойҳо то 15-20 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат 12-17 дараҷа гарм мешавад.