Имрӯз дар Ӯзбекистон борон меборад, дар баъзе ҷойҳо шадид шуда, эҳтимоли ба вуҷуд омадани раъду барқ ҳаст. Дар шимоли ҷумҳурӣ боришот (борон, барф). Дар вилоятҳои водии Фарғона нимаи дуюми рӯз дар баъзе ҷойҳо борон меборад, раъду барқ мешавад. Хавфи омадани сел дар доманакӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаст. Дар баъзе ҷойҳо эҳтимоли фаромадани туман ҳаст. Шамол дар як сония бо суръати 7-12 метр, дар баъзе ҷойҳо то 15-20 метр мевазад. Ҳарорати ҳаво 8-13 дараҷа гарм мешавад.
Мувофиқи маълумоти хидмати Узгидромет дар пойтахт борон меборад, раъду барқ ба вуҷуд меояд. Шамол дар як сония 5-10 вазида, эҳтимол то 11-13 метр шиддат гирад. Ҳарорат 11-13 дараҷа гарм мешавад.
Дар доманакӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳӣ гоҳе борон, дар баландкӯҳҳо борон, барф борида, баъзан шиддат мегирад. Шамол дар як сония 7-12 метр мевазад. Ҳарорат 0-5 дараҷа гарм мешавад.