Тибқи иттилои хидмати Узгидромет дар пойтахт субҳи имрӯз каме борон меборад ва нимаи дуюми рӯз ҳавои бебориш пешбинӣ шудааст. Шамол дар як сония 5-10 метр мевазад. Ҳарорат 19-21 дараҷа гарм мешавад.
Дар доманакӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад ва раъду барқ ба амал меояд. Шамол дар як сония 7-12 метр мевазад. Ҳарорат 13-18 дараҷа гарм мешавад.