Тибқи иттилои хидмати Узгидромет, дар пойтахт субҳи имрӯз каме борон меборад ва нимаи дуюми рӯз ҳавои бебориш дар назар аст. Шамол дар як сония 5-10 метр мевазад. Ҳарорат 9-11 дараҷа гарм мешавад.

Дар доманакӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳӣ баъзан боришот (борон, барф) меборад. Эҳтимоли фаро гирифтани туман ҳаст. Дар минтақаҳои кӯҳии вилоятҳои Тошканд ва Намангон хатари фаромадани тарма вуҷуд дорад. Шамол дар як сония 7-12 метр мевазад. Ҳарорат 0- 5 дараҷа гарм мешавад.