Мувофиқи маълумоти хидмати Узгидромет, нимаи дуюми рӯз эҳтимол дар пойтахт борони кӯтоҳмуддат борад ва раъду барқ вуҷуд ояд. Шамол дар як сония 7-12 метр мевазад. Ҳарорат 17-19 дараҷа гарм мешавад.
Дар доманакӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳӣ баъзан борон меборад, раъду барқ ба амал меояд, дар баландкуҳҳо боришот (борон, барф) мешавад. Хавфи тармакӯчӣ ба миён меояд. Шамол бо суръати 7-12 метр вазида, дар баъзе ҷойҳо то 15-20 метр дар як сония шиддат мегирад. Ҳарорат 5-10 дараҷа гарм мешавад.