Тибқи маълумоти хидмати Узгидромет дар шаҳри Тошканд ҳаво бебориш хоҳад буд. Шамол дар як сония 3–8 метр мевазад. Ҳарорат 34–36 дараҷа гарм мешавад.
Дар минтақаҳои доманакӯҳ ва кӯҳӣ дар баъзе ҷойҳо борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимоли падид омадани раъду барқ пешбинӣ шудааст. Эҳтимоли рух додани селу обхезӣ низ мавҷуд аст. Шамол дар як сония 7–12 метр вазида, эҳтимоли то 12–17 метр шиддат гирад. Ҳарорат 22–27 дараҷа гарм мешавад.