Пешгӯии обу ҳаво барои 23 июл

    Сайёраи сабз 23 Iyul 2025 567

    Имрӯз рӯзона дар тамоми қаламрави Ӯзбекистон боришот пешбинӣ намешавад. Шамол дар як сония бо суръати 7–12 метр вазида, дар баъзе мавридҳо то 13–18 метр шиддат гирифта, тӯфони чанголуд падид меояд.

    Ҳарорати ҳаво 35–40 дараҷа, дар баъзе ҷойҳо то 41–43 дараҷа мерасад.

    Ба иттилои Ӯзгидромет дар пойтахт низ бориш пешбинӣ нашудааст. Шамол дар як сония 5–10 метр мевазад. Ҳарорат 39–41 дараҷа гарм мешавад.

    Дар минтақаҳои кӯҳӣ низ бориш пешбинӣ нашудааст. Шамол дар як сония 7–12 метр мевазад. Ҳарорат 30–35 дараҷа гарм мешавад.