Рушди саноати вилояти Намангон ба зинаи нав мебарояд

    Саноат 30 Noyabr 2021 1631

    29 ноябри соли ҷорӣ гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон С.Умурзоқов бо мақсади шиносоӣ бо тадбирҳои рушди иқтидори саноатии вилоят ва дастгирии соҳибкорони ватанӣ ва истеҳсолкунандагон ба вилояти Намангон рафт.

    Ҳамин тариқ гурӯҳи корӣ ба ноҳияи Янги-Намангон ташриф овард, ки дар ин ҷо мувофиқи Қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон минтақаи хурди саноатии намунаи кластери "Ойқирон", ки барои истеҳсоли маҳсулоти мебелӣ ихтисосонида шудааст, созмон дода мешавад.

    Тавре дар рафти мулоқоти кушод бо соҳибкорон гуфта шуд, майдони минтақаи хурди саноатӣ 10 гектарро ташкил дода, ба қитъаҳои баробар – ҳамагӣ 80 лот тақсим шудааст. Майдонҳои саноатӣ аз 1 декабри соли ҷорӣ ба тариқи савдои музояда фурӯхта мешаванд. Иштирокчиёни савдои музояда ӯҳдадор мешаванд, ки дар давоми 6 моҳ аз рӯзи соҳиб шудан ба қитъаи замин истеҳсоли маҳсулоти мебел ташкил намоянд. Дар баробари ин шумораи ҷойҳои корӣ дар истеҳсолот бояд камаш 50 адад бошад.

    Зимнан зикр гардид, ки айни замон барои иштирок дар савдои музояда аз 120 нафар соҳибкорон дархост пешниҳод шудааст. Барои минбаъд дар ҳудуд ҷойгир кардани минтақаи хурди саноатии созмондодашаванда 53 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи умумии тақрибан 50 миллион доллар таҳия карда шуд. Дар иқтидорҳои истеҳсолии корхонаҳои навтаъсис истеҳсоли маҳсулоти мебелӣ, маснуоти ҷузъӣ, лавозимот ва мебели тайёр барои муассисаҳои таълимӣ ва тандурустӣ, мебели офис ва маишӣ ба роҳ монда мешавад, ки дар маҷмўъ наздики 1100 ҷойи корӣ таъсис дода мешавад.

    Муовини Сарвазир С.Умурзоқов дар назди соҳибкорон суханронӣ карда, аз татбиқи ин ташаббус дар вилояти Намангон изҳори қаноатмандӣ намуда, соҳибкоронро итминон дод, ки дар амалисозии лоиҳаҳо дар ҳудуди МХС-и навтаъсис ҳамаҷониба дастгирӣ хоҳанд ёфт. Инчунин гуфта шуд, ташаббускорони лоиҳаҳои ҷолиби сармоягузорӣ метавонанд ба кӯмаки молиявии Фонди сармояҳои бевоситаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба миқдори 30 фоизи арзиши лоиҳа умед банданд.

    Дар рафти вохӯрӣ соҳибкорони вилоят имкон пайдо карданд, ки ҷанбаҳои гуногуни марбут ба татбиқи лоиҳаҳо дар ҳудуди минтақаҳои саноатиро баррасӣ намуда, саволҳои мароқовар дода, аз ташаббусҳои соҳибкории худ ибрози андеша намоянд. Онҳо инчунин масъалаҳои мушкилеро, ки соҳибкорону истеҳсолкунандагони маҳаллӣ дар ҷараёни фаъолияти худ дучор меоянд, иброз доштанд. Гурӯҳи корӣ дархостҳои воридшударо ҳамаҷониба баррасӣ намуда, алгоритмҳои ҳалли ҳар як ҳолатро таҳия намуд. Ба роҳбарони масъул супориш дода шуд, ки ҷиҳати ҳалли мушкилоти зикргардида чораҳои фаврӣ ва муассир андешанд.

    Гурӯҳи корӣ ҳамчунин аз минтақаи хурди саноатии “Баркамол авлод”, ки дар ноҳияи Давлатободи шаҳри Намангон таъсис ёфтааст, дидан кард, ки дар он муаррифии мухтасари лоиҳаҳои ба татбиқи пешбинишуда, инчунин масъалаҳои марбут ба суръат бахшидан ба роҳандозии минтақаҳои хурди саноатӣ ва расонидани кӯмаки амалӣ ба ташаббускорони лоиҳаҳои сармоягузорӣ баррасӣ шуд. Инчунин дар ин ҷо бо соҳибкорон ва ташаббускорони лоиҳаҳо вохӯрӣ ба амал омад, ки дар рафти он масъалаҳои дастгирии бизес-ташаббусҳо мавриди муҳокима қарор гирифт, муроҷиатҳои истеҳсолгарон баррасӣ гардида, аз рӯи ҳар як масъалаи баррасишуда роҳҳои ҳалли онҳо таҳия шуданд, хабар медиҳад хидмати матбуоти ВССХ ҶӮ.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates