Дар ин бора Консулгарии генералии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар шаҳри Истанбул хабар дод.
Маълум гардид, ки модари ӯ пас аз ҷудо шудан бо шавҳари худ дар Ӯзбекистон, ба Истанбул кӯчида бо як шаҳрванди турк бо никоҳи шариатӣ издивоҷ кардааст. Нахуст фарзандашро ба васигии бобояш гузошта бошад ҳам, моҳи июни соли 2024 ӯро ба Туркия овардааст. Вале бо сабаби надоштани ҳуҷҷатҳои расмӣ натавонистааст ӯро ба мактаб ҷойгир кунад. Аз ин рӯ, А.А. зиёда аз як сол ба мактаб нарафтааст.
Баъд аз он ки кормандони полис ӯро пайдо карданд, шаҳрванди мамлакатамонро ба консулгарии генералии Ӯзбекистон дар Истанбул оварданд.
Зимни суҳбат маълум шуд, ки қобилияти биноии ӯ коҳиш ёфта, аз муоинаи тиббӣ нагузаштааст. Ӯ бо дастгирии Ҷамъияти “Фарҳанг, ҳамбастагӣ ва ҳамкории Ӯзбекистон” ва диаспораи маҳаллӣ аз муоинаи тиббӣ гузаронида шуда, табобати зарурӣ гирифт.
Ҳоло ӯ ба Ватан баргардонида шуда, бо кӯмаки сохторҳои марбута таҳсилашро идома дода истодааст.
Консулгарии генералӣ ба Ҷамъияти “Фарҳанг, ҳамбастагӣ ва ҳамкории Ӯзбекистон”, намояндагии “Uzbekistan Airways” дар Туркия, идораҳое, ки дар Ӯзбекистон оид ба ҳуқуқи ноболиғон кор мебаранд ва аъзои фаъоли диаспора барои кумакҳои моддӣ ва маънавӣ изҳори миннатдорӣ намудааст.








