Гузаргоҳи “Оққия” дар даромадгоҳи Шоҳимардон ба кори шабонарӯзӣ гузаронида шуд

    Воқеаҳо 30 Iyul 2024 2220

    Гузаргоҳи гумрукии «Оққия» дар даромадгоҳи Шоҳимардони вилояти Фарғона аз 26 июл ба тартиби шабонарӯзии кор гузаронда шуд.

    Гуфта мешавад, ки ин навоварӣ натиҷаи тавофуқҳое буд, ки дар ҷараёни музокироти Президентҳои Ӯзбекистон ва Қирғизистон, ки рӯзи 18 июл дар Тошканд баргузор шуд, ҳосил шудааст. Сипас, дар баробари дигарон масъалаи истифодаи самараноки постгоҳҳои гумрукӣ, ки дар марзи ду давлат ҷойгиранд, баррасӣ шуд.

    «Пас аз ин роҳбарони хадамоти гумрук ва сарҳадии Ӯзбекистону Қирғизистон фаъолияти гузаргоҳҳои гумрукии вилояти Фарғонаро мавриди баррасӣ қарор дода, имкониятҳои мавҷудаи ташкил ва истифодаи самараноки посгоҳҳои нави гумрукӣ, инчунин ҷилавгирӣ аз бандшавӣ дар онҳоро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд» - гуфта мешавад дар изҳороти кумита.

    Ҳамин тариқ, аз 26 июли соли равон постгоҳи гумрукии «Фарғона»-и Раёсати гумруки вилояти Фарғона ва гузаргоҳи «Оқ-қия» дар даромадгоҳи Шоҳимардон ба амалиёти шабонарӯзӣ гузаронида шуданд.


    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates