Корхонаи Қашқадарё ба занҷири ҷаҳонии таъминот ҳамроҳ гардид

    Президент Шавкат Мирзиёев 19 июн бо сафари корӣ ба вилояти Қашқадарё ташриф овард.

    Ислоҳоти иқтисодие, ки дар Ӯзбекистон амалӣ мешаванд, натиҷаҳои назаррас медиҳанд. Дар саросари кишвар ҷаҳиши технологӣ мушоҳида мешавад: дар панҷ моҳи аввали соли ҷорӣ афзоиши истеҳсоли саноатӣ 6,4 фоизро ташкил дод, ҳаҷми содирот дар ин соҳа бошад, аз 6 миллиард доллар гузашт.

    Ба ин натиҷаҳо соҳаи саноати вилояти Қашқадарё, аз ҷумла — корхонаи содиротии «Alp texno servis», ки дар шаҳри Қаршӣ ҷойгир аст, саҳми назаррас мегузорад. Лоиҳаи мазкур бо арзиши 10 миллион доллар амалӣ гардида, ба занҷираи ҷаҳонии таъминот дар соҳаи электротехника ворид шудааст. Корхона тибқи дархости брендҳои хориҷии «TCL» ва «Hofmann» маҳсулот истеҳсол менамояд, инчунин хати истеҳсолии худро таҳти бренди «Smart» роҳандозӣ кардааст.

    Тибқи ин брендҳо ҳамасола то 500 ҳазор телевизор ва платаҳои электронӣ истеҳсол карда мешаванд. Маҳсулот бо сатҳи баланди технология, ҷавобгӯ будан ба стандартҳои сифат ва тарҳи замонавиаш фарқ мекунад. Аз ин рӯ, 70 фоизи маҳсулоти истеҳсолшаванда ба содирот нигаронида шудааст. Соли гузашта ҳаҷми содирот зиёда аз 2 миллион долларро ташкил дод, дар соли ҷорӣ ҳадаф — ба 10 миллион доллар расонидани содирот мебошад.

    Сарвари давлат зарурати рушди минбаъдаи ин самтро таъкид кард.

    – Мо аллакай таҷриба андӯхтем, ба бозорҳои хориҷӣ роҳ ёфтем. Акнун бояд ин корхонаро васеъ кард. Ба чунин маҳсулот ҳамеша талабот вуҷуд дорад. Аммо бояд сифат ва навъро афзоиш диҳем, то рақобатпазирӣ нигоҳ дошта шавад, – иброз дошт Шавкат Мирзиёев.

    Яке аз самтҳои афзалиятнок маҳаллигардонӣ боқӣ мемонад. Айни замон сатҳи он дар корхона аз 50 фоиз гузаштааст. Дар оянда татбиқи чор лоиҳаи дигар ба маблағи 20 миллион доллар дар назар аст. Дар доираи ин лоиҳаҳо истеҳсоли чангкашакҳо, чойникҳои барқӣ, кондитсионерҳо ва вентиляторҳо ба роҳ монда мешавад. Ин иқдом имкон медиҳад, ки то 30 миллион доллар маҳсулот дар як сол содир карда шавад.

    Дар корхона 200 нафар бо ҷойи кор таъмин гардидаанд. Дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи давлатии техникии Қаршӣ низоми таҳсилоти дуалӣ роҳандозӣ шудааст.

    No date selected
    July 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates