Вилояти Қашқадарё дар ҳамаи соҳаҳои асосӣ, аз қабили саноат, энергетика, кишоварзӣ ва сайёҳӣ имконоти бузург дорад. Аз аввали сол дар вилоят 2 миллиард доллар сармоя азхуд карда шуд. Шуғли 565 ҳазор нафар таъмин карда, 90 ҳазор нафар аз сатҳи камбизоатӣ бароварда шуд. Интизор меравад, ки то охири сол маҳсулоти умумии дохилии вилоят беш аз 6 фоиз афзоиш ёбад ва ҳаҷми содирот ба 555 миллион доллар расад.
Агар тамоми имкониятҳои вилоят ба пуррагӣ истифода шаванд, натиҷаҳо боз ҳам назаррас хоҳанд шуд. Дар маҷлис имкониятҳои иловагӣ ва лоиҳаҳои нав дар ин самт баррасӣ шуданд.
Пеш аз ҳама, масъалаи таъмини амнияти озуқаворӣ афзалиятнок хоҳад буд. Аз соли оянда Қашқадарё бо картошка, меваҳо, гӯшти паранда ва тухм пурра таъмин хоҳад шуд. Дар ин самт бо иштироки сармоягузорони хориҷӣ 16 лоиҳаи бузург амалӣ карда мешаванд.
Масалан, дар ноҳияҳои Ғузор, Қамашӣ ва Шаҳрисабз боғҳои муосир дар майдони 300 гектар ташкил карда мешаванд. Дар ин ҷо солона иловатан 4 ҳазор тонна мева рӯёнда, 600 ҷойи нави корӣ фароҳам оварда мешавад. Дар ҳудуди ноҳияҳои Кӯкдала, Чироқчӣ, Шаҳрисабз, Қасон ва Нишон парвариши органикии харбуза ва сабзавот васеъ мегардад. Истеҳсоли консентрати тарбуз, яхбандии шокӣ ва хушконидани сублиматсионӣ ба роҳ монда мешавад.
Дар вилоят ба рушди чорводорӣ диққати махсус дода мешавад. Аз кишварҳои минтақа ва Аврупо 62 ҳазор сар гӯсфанд ва тақрибан 10 ҳазор сар чорвои калон ворид карда мешаванд, ки онҳо дар асоси кооператсия бо аҳолӣ ва хоҷагиҳои чорводорӣ парвариш карда мешаванд. Дар шаҳрҳои Қаршӣ ва Қамашӣ кластери чорводорӣ барои 1 ҳазор сар ва фабрикаи парандапарварӣ барои 1 миллион сар таъсис дода мешавад.
Бо мақсади зиёд намудани ҳиссаи маҳсулоти тайёр дар соҳаи пахтакорӣ, 5 корхонаи бофандагӣ ба маблағи 233 миллион доллар ба кор андохта мешаванд. Дар натиҷа, иқтидори истеҳсоли матоъҳо 51 фоиз зиёд мешавад.
Дар атрофи деҳаҳои Мираки дар шаҳри Шаҳрисабз ва Майданак дар Қамашӣ, Ачинкӯл ва Сечанкӯли ноҳияи Миришкор сайёҳӣ босуръат инкишоф меёбад. Қарор аст, ки ба чунин иншоот 300 миллион доллар сармоягузорӣ карда, зиёда аз 200 хонаи меҳмонон ва 1000 нуқтаи савдо таъсис дода шаванд. Дар ин ҷойҳо 5000 нафар бо ҷойи кор таъмин хоҳанд шуд.
Соҳибкорон пешниҳод менамоянд, ки маҳсулоти тайёр дар асоси 147 конҳои ғайримаъдани вилоят истеҳсол карда шавад. Барои ин 209 миллион доллар сармоягузорӣ пешбинӣ шудааст ва конҳо марҳила ба марҳила ба музояда гузошта мешаванд.
Мутобиқи фармони Президент аз 1 ноябри соли ҷорӣ дар кишвар барномаи "Аз камбизоатӣ ба шукуфоӣ" оғоз ёфт. Шаш корхонаи бузурги вилояти Қашқадарё дар ин кори хайр саҳми худро гузошта, ташаббус намуданд, ки дар соли оянда зиёда аз 10 ҳазор шаҳрвандонро аз камбизоатӣ бароранд. Илова бар ин, дар ҳамкорӣ бо бонкҳо 86 лоиҳаи пешбаранда ва 33 ҳазор лоиҳаҳои хурд ба нақша гирифта шудааст, ки ин ба 70 ҳазор нафар имконияти даромад ба даст оварданро фароҳам меорад. Бо шарофати ин сатҳи камбизоатӣ дар вилоят аз 8,6 фоизи ҳозира то 6,5 фоиз коҳиш хоҳад ёфт.
Дар ҷамъомад ҳокими вилояти Қашқадарё нақшаҳои худро пешниҳод намуд. Аз ҷумла, дар соли оянда ба нақша гирифта шудааст, ки ба вилоят 3,5 миллиард доллар сармоя ҷалб карда, содирот то 1 миллиард доллар расонда, ва 300 ҳазор ҷойҳои корӣ таъси дода шаванд.
Сарвари давлат қайд кард, ки нишондиҳандаҳои имрӯза ба имкониятҳои минтақа мувофиқ нестанд ва дастур дод, ки самаранокӣ бояд баланд бардошта шавад. Вазифа гузошта шуд, ки якҷоя бо ташаббускорон лоиҳаҳои иловагӣ ба маблағи 300 миллион доллар дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ ва хизматрасонӣ таҳия карда шаванд.