Масъалаҳои афзоиш додани содироти хоҷагии қишлоқ муҳокима гардиданд

    Ҳукумат 2 Fevral 2024 4259

    Президент Шавкат Мирзиёев оид ба масъалаҳои рушди соҳаҳои меваву сабзавот ва озуқаворӣ ҷамъомад баргузор намуд.

    Соли 2023 соҳаи хоҷагии қишлоқ дар мамлакатамон ба 4,1 фоиз афзуд. Содироти соҳа қариб 2 миллиард долларро ташкил кард. Аммо потенсиали содиротӣ ҳанӯз имконияти зиёд дорад.

    Дар ҷамъомади видеоселекторие, ки 18 январ доир ба масъалаҳои содирот ва саноат баргузор гардид, роҳбари давлат инчунин вазифаҳоро оид ба соҳаи меваву сабзавот муайян намуд. Аз он ҷумла, ба ӯҳдаи Агентӣ оид ба карантин ва ҳимояи растанӣ масъулияти ҷустуҷӯи бозорҳои нави потенсиалӣ ва ташкили таҳияи маҳсулоти ба содирот мунҷаршуда гузошта шуд.

    Аз ҷониби агентӣ кори бонизом доир ба ҳимояи растанӣ аз унсурҳои зарарнок, парвариши маҳсулоти аз ҷиҳати фитосанитарӣ тоза, таъмини бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ кори бонизом анҷом дода мешавад. Аз он ҷумла, дар минтақаҳо бо лабораторияҳои статсионарӣ ва сайёҳ таҳлили хоки 1 миллиону 40 ҳазор гектар замин анҷом дода шуда, меъёри аз лиҳози илмӣ асосноки гузоштани поруи маданӣ муайян карда шуд. Дар соҳа 7 низоми нави иттилоотӣ ҷорӣ ва 40 низоми кор рақамӣ гардонда шудааст.

    Қариб 20 миллион доллар гранти ташкилот ва институтҳои молиявии байналхалқӣ ҷалб гардида, лаборатория ва таҷҳизот нав карда шудааст. Коркарди кимиёии саҳро ва боғҳо, экспертизаи маҳсулоти содиротиву воридотӣ муттасил идома меёбад.

    Чунин чорабиниҳо омили муҳими сифат ва бехатарии маҳсулоти меваву сабзавот мебошад. Дар солҳои охир 620 иҷозати фитосанитарӣ барои содироти маҳсулти хоҷагии қишлоқ ба 80 мамлакати ҷаҳон ба даст омада, бо онҳо табодули маълумоти электронӣ роҳандозӣ гардидааст. Дар доираи низоми «GSP+» 200 ҳазор гектар замин бинобар талаботи байналхалқӣ ба тартиб дароварда шуд.

    Дар ҷамъомад вазифаҳое муҳокима гардиданд, ки дар соли ҷорӣ ба амал татбиқ хоҳанд гардид.

    Шахсони масъул дар бораи имконоти то 3,5 миллиард доллар расондани содироти маҳсулоти кишоварзӣ дар соли ҷорӣ, васеъ намудани корҳои ҷорӣ дар соҳа гузоришҳо доданд.

    Барои ин, дар навбати аввал, истеҳсоли меваву сабзавот, маҳсулоти боғ, ангур ва маҳсулоти лӯбиёӣ афзоиш дода мешавад. Боз 20 лабораторияи сайёр дар минтақаҳо ба вуҷуд оварда шуда, ба платформаи электронии «uzagrolab.uz» пайваст мегарданд. Тамоми ҷараёнҳое, ки бо гардиши пору алоқаманданд, рақамӣ гардонда шуда, дохил гардидани поруи бесифат ва савдои ғайриқонунии он манъ карда мешавад.

    Бинобар талаботи фитосанитарии хориҷӣ 6 ҳазор боғ, беш аз 3 ҳазор ангурзор ва саҳро, 344 корхонаи зарфбандӣ ба он мутобиқ гардонда мешаванд. Энтомофаги баландсифат ҷорӣ гардида, намуди нави муборизаи биологӣ бо ҳашароти зараркунанда ба кор андохта мешавад.

    Дар доираи пурзӯр намудани ҳамкории байналхалқӣ содирот ба бозорҳои ҳарчи қимат нигаронда мешавад. Боз иҷозати фитосанитарии 8 мамлакат ба даст оварда мешавад. Иштироки содиротгарони ватанӣ дар намоишгоҳҳои байналхалқӣ, ки ба маҳсулоти меваву сабзавот ихтисос ёфтааст, зиёд карда шуда, номгӯйи фармоишҳои дақиқ тартиб дода мешавад. Дар ҳудудҳои аэропортҳои байналхалқии Фарғона, Самарқанд ва Тошканд инфрасохтори замонавӣ барои содироти маҳсулоти меваву сабзавот ба вуҷуд оварда мешавад.

    Дар асоси таҷрибаи хориҷӣ малакаи касбии кормандони соҳаи ҳимояи растанӣ такмил дода мешавад. Бо ҷалб намудани коршиносони байналхалқӣ дастур оид ба парвариш, нигоҳдорӣ, зарфбандӣ ва ҳамлу нақли ҳар як намуди маҳсулот таҳия карда мешавад.

    Роҳбари давлат дар заминаи таъмини бехатарии озуқаворӣ ва истеҳсоли маҳсулоти ба содирот мунҷаргарданда супоришҳои иловагӣ дод.

    No date selected
    November 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates