21 декабр роҳбари Ӯзбекистон дар ҷамъомади навбатии Шӯрои олии иқтисодии Авруосиё суханронӣ намуд.
Инчунин маросими супоридани Ҷоизаи байналмилалии сулҳ ба номи Лев Толстой ба Президенти Ӯзбекистон, ҳамчунин ба Президентҳои Қирғизистон ва Тоҷикистон баргузор гардид.
Президенти мо дар саммити ғайрирасмии сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуда, аз Осорхонаи давлатии «Эрмитаж» боздид намуд.
Роҳбари давлат сафари амалиро ба анҷом расонда, аз фурудгоҳи байналмилалии «Пулково» ба Тошкент баргашт. Меҳмони олимақомро губернатори шаҳри Санкт-Петербург Александр Беглов ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.