Дар рафти мулоқот масъалаҳои дар ҷамъомади видеоселекторӣ таҳти роҳбарии Президент Шавкат Мирзиёав дар бораи чораҳои баланд бардоштани самарабахшии кор бо дар соҳаи сиёсати ҷавонон гузошташуда баррасӣ гардиданд.
И.Абдураҳмонов гуфтаҳои Сарвари давлат «Кор бо ҷавонон масъалаи ҳаётан муҳим»-ро алоҳида таъкид карда, қайд намуд, ки солҳои охир барои тарбия ва камолоти ҷавонон имкониятҳои васеъ фароҳам оварда шудаанд. Дар бораи зарурати истифодаи самараноки ин шароит вазир суханронӣ намуда, ба ҷавонон аз ҳаёти худ мисолҳо оварда, барои ба даст овардани муваффақият маслиҳатҳо дод.
-- Дар назди худ ҳадафҳои бузург гузошта, дар роҳи расидан ба онҳо худро дареғ надошта, барои рафъи монеаҳои гуногун аз тамоми имкониятҳо истифода кардан, мушкилотро дида тавонистан ва роҳҳои ҳалли онро пайдо кардан, дар атрофи худ даста ташкил кардан ва якҷоя кор кардан лозим аст”, - гуфт вазир. -- Дар баробари ин муҳим он аст, ки ин ҳадафҳо ба рушду пешрафт ва ояндаи Ватан хизмат кунанд.
Зимни вохӯрӣ низ сухан ба ҷавонон дода шуда, онҳо ба саволҳои худ посух гирифтанд, пешниҳодҳои худро ба миён гузоштанд. Аз ҷумла, иштироккунандагони мулоқот чунин таклифҳоро, монанди ротатсияи кадрҳои ҷавон дар дастгоҳи марказии вазорат ва ташкилотхои тобеи он, фароҳам овардани имкони аз наздик шинос шудан бо фаъолияти мактабҳои олиро гарму ҷӯшон маъқул донистанд.