Президент Шавкат Мирзиёев дар Форуми ҷавонон ва донишҷӯён ширкат варзид

    Ҳукумат 30 Iyun 2021 9355

    Президент Шавкат Мирзиёев 30 июн ба Форуми ҷавонон ва донишҷӯёни Ӯзбекистон ташриф овард.

    Боғи ботаникии пойтахт, ки дар он ҷо чорабиниҳои форум баргузор мешаванд, идона оро дода шудааст. Выставкаҳо ва намоишҳои дастовардҳои ҷавонон дар соҳаи илм, техника, адабиёт ва санъат ташкил карда шуданд.

    Сарвари давлат аз ин намоишгоҳҳо дидан карда, бо ихтироот, ҳунармандӣ ва намоишҳои бадеии ҷавонон шинос шуд. Пас аз сӯҳбат бо ҷавонписарон ва духтарон, ба онҳо дар таҳсил ва таҳқиқот муваффақият орзу кард.

    Сипас Президент бахшида ба 30 июн - Рӯзи ҷавонон бо сухани табрикӣ баромад кард.

    Дар мамлакати мо ба таълиму тарбияи ҷавонон, таъмини ҳуқуқ ва манфиатҳои онҳо аҳзамияти аввалиндараҷа дода мешавад. Идораи алоҳидаи давлатӣ -- Агентии кор бо ҷавонон таъсис дода шудааст. Иттифоқи ҷавонон низ амал мекунад, ки дар назди он зиёда аз сӣ созмони ҷамъиятӣ мавҷуданд. Дар ҳама минтақаҳо Барномаи давлатии "Ҷавонон - ояндаи мо" ва "Панҷ ташаббус" амалӣ шуда истодааст, ки соҳаҳои гуногунро дар бар мегиранд.

    Соли ҷорӣ дар мамлакати мо Соли дастгирии ҷавонон ва мустаҳкамсозии саломатии аҳолӣ эълон шуд, ки ин ҳам як зуҳуроти равшани таваҷҷӯҳ ба ҷавонон мебошад.

    Дар сиёсати ҷавонони Президент ду самти асосӣ мавҷуд аст: якум додани маълумоти замонавӣ ва дуввум таъмини шуғли ҷавонон. Ин мақсадҳо дар замири ислоҳот ва ташаббусҳои солҳои охир ниҳон аст.

    Аз ҷумла, системаи нави мактабҳои президентӣ, эҷодӣ ва тахассусӣ барои рушди дониш ва истеъдоди ҷавонон таъсис дода шудааст. Дар маҷмӯъ, таваҷҷӯҳ ба таҳсил дар мактаб, ҳавасмандгардонӣ ва эҳтироми муаллимон зиёд шуд. Дар насли ҷавон ташнагӣ ба дониш парзӯр шудааст.

    Соли гузашта ҷавонони мо дар олимпиадаҳои байналмилалии илмӣ 4 медали тилло, 18 нуқра ва 29 биринҷӣ ба даст оварданд. Имсол ҳамаи 96 хатмкардаи мактаби президентӣ пеш аз мӯҳлат дар асоси грант ба донишгоҳҳои бонуфузи хориҷӣ дохил шуданд.

    Мувофиқи талаботи ҷавонон шумораи донишгоҳҳо ба 127 адад расид, филиалҳои 26 донишгоҳи хориҷӣ кушода шуданд. Дар тӯли 5 соли охир квотаи қабул ба мактабҳои олӣ се маротиба афзоиш ёфта, имсол ба 182 ҳазор нафар расид. Ҳамин тариқ, фарогирии умумӣ 28 фоизро ташкил медиҳад. Чор сол пеш ин нишондиҳанда ҳамагӣ 9 фоизро ташкил медод.

    Аз 21 ҳазор то 47 ҳазор афзоиш ёфтани грантҳои давлатӣ ва ҷудо кардани грантҳои махсус барои 2 ҳазор духтари оилаҳои камбизоат боиси хурсандии ҳазорҳо оилаҳо гардид.

    Имсол боз як муассисаи олии таълимӣ - Донишгоҳи “Ӯзбекистони нав” таъсис дода шуд. Дар соли нави таҳсил, он 300 нафар ҷавононро қабул мекунад.

    Таъмини шуғли онҳо аз бартарӣ додан ба эътибор ва ғамхорӣ нисбати ҷавонон низ шаҳодат медиҳад. Шумораи соҳибкорони то 30-сола дар чор соли охир панҷ маротиба афзуда, аз 500 ҳазор гузаштааст.

    Дар натиҷаи корҳои амалии тӯли ҳашт моҳи охир барои ҳалли мушкилоти 430 ҳазор ҷавононе, ки ба "дафтари ҷавонон" дохил карда шудаанд, 300 миллиард сӯм ҷудо карда шуд. Аз ҷумла, давлат пули шартномаи беш аз 2 ҳазор донишҷӯ аз оилаҳои ба "дафтари оҳанин" воридшударо пардохт.

    Аз соли равон тартиби ҷуброни маблағи андози иҷтимоӣ ба кордиҳандагон, ки барои кормандони синнашон то 25-сола гузаронда шудааст, ҷорӣ карда шуд. Ғайр аз он, ҷорӣ намудани субсидия ба донишҷӯёни омӯзишгоҳҳои касбу ҳунар ва техникумҳо моҳе ба маблағи 500 000 сӯм дар тӯли 6 моҳ барои таҷрибаомӯзӣ дар корхонаҳо ҳавасмандии бузурге барои ҷавонон ва волидони онҳо гардид.

    Имсол барои татбиқи лоиҳаҳои соҳибкории беш аз 92 ҳазор нафар ҷавонписарон ва духтарон 2,3 триллион сӯм қарзҳои имтиёзнок ҷудо карда шуданд. Дар доираи 3 ҳазор лоиҳа дар 186 минтақаи саноатӣ ва тиҷоратии ҷавонон, ки дар ҳудудҳо ташкил карда шудаанд, 50 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шуданд.

    Моҳи декабри соли гузашта дар мамлакати мо аввалин Форуми ҷавонон баргузор гардид. Имсол дар тамоми минтақаҳо фестивалҳо таҳти шиори "Ҷавонони Ӯзбекистони нав, биёед муттаҳид шавем!" баргузор шуданд. Дар онҳо тақрибан 6 миллион писарону духтарон ширкат варзиданд. Қуллаи фестивалро метавон чорабинии идона дар Боғи ботаникӣ номид.

    Рамзист, ки ин ид дар арафаи 30-умин солгарди истиқлолияти Ӯзбекистон баргузор мешавад.

    Дар баромади худ сарвари давлат ба рушди минбаъдаи системаи маориф ва тавсеаи дастрасии ҷавонон ба он диққати махсус дод.

    - Ҳар вақте ки бо шумо вомехӯрам, ҳеҷ гоҳ аз такрор намудани як чиз хаста намешавам: илмро қадр кунед, сӯи илм саъй намоед! Тавре ки мебинед, дар ҷаҳон он халқу давлатҳое, ки дониш андӯхтаанд, илмҳо ва касбҳои замонавиро азхуд кардаанд ва насли наврасро дар ин рӯҳ тарбия кардаанд, босуръат рушд мекунанд. Мо аз тамоми имкониятҳо истифода хоҳем кард, то ҷавонони Ӯзбекистон ба ин дараҷаи баланд расанд, - гуфт Шавкат Мирзиёев.

    Дар суханронии худ Президент вазифаҳои афзалиятноки таъмини шуғли ҷавонон, пурзӯр гардондани тарбияи ватандӯстӣ, дастгирии шуғл варзидан бо санъат ва варзиш, ҳифзи иҷтимоии оилаҳои ҷавонро муайян кард.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates