Дар чорабинӣ коршиносону донишмандони бонуфуз ва мақомоти баландпояи Амрико ва кишварҳои мусалмонӣ ширкат доштанд. Раиси Шӯрои ҷаҳонии ҷамъиятҳои мусулмонӣ Алӣ Рашид Ал Нуаймӣ (АМА), собиқ вазири корҳои хориҷии Индонезия Алви Шиҳоб, вазири корҳои дохилии Шоҳигарии Баҳрайн Алӣ Аминӣ, директори Институти Осиёи Марказӣ ва Қафқози Шӯрои сиёсати хориҷии Амрико Сванте Корнелл аз ҷумлаи онҳост.

Дар конфронс Ўзбекистонро дироектори Донишкадаи тадқиқотҳои стратегӣ ва байналмилалии назди Президенти Ҷумҳурии  Ўзбекистон Элдор Арипов намояндагӣ кард.

Ҳайати намояндагии иштирокчиёни чорабинӣ имкон дод, ки масъалаҳои ташаккули равишҳои ҳамоҳангшуда дар мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ ва ифротгароӣ муфассал баррасӣ карда шаванд.

Элдор Арипов зимни суханронӣ дар конфронс бархӯрдҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ҳалли вазъ дар Афғонистонро иброз дошт. Дар бораи натиҷаҳое, ки моҳи марти соли ҷорӣ  дар конфронси байналмилалии сатҳи баланди Тошканди «Ҳамкории минтақавии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар доираи Нақшаи амалиёти муштарак оид ба татбиқи Стратегияи глобалии зиддитеррористии СММ», инчунин моҳи майи соли равон анҷумани байналмилалии «Муколамаи эъломияҳо»-и Бухоро баргузор гардидан, маълумоти муфассал дода шуд, ки дар натиҷа бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Эъломияи Бухоро қабул гардид. Иштирокчиёни чорабинӣ инчунин бо таҷрибаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар мубориза бо терроризм ва офиятбахшӣ ва реинтегратсияи шаҳрвандоне, ки аз минтақаҳои ҷанг ба ватан баргаштаанд, шинос карда шуданд.

Дар доираи конфронс маросими имзои Меморандум дар бораи ҳусни тафоҳум байни  Донишкадаи тадқиқотҳои стратегӣ ва байналмилалии назди Президенти Ҷумҳурии  Ўзбекистон ва Шӯрои сиёсати хориҷии Амрико  ба амал омад.  Дар ҳуҷҷат ба роҳ мондани ҳамкорӣ ва робитаҳои доимии корӣ байни марказҳои таҳлилии ду кишвар тавассути лоиҳаҳои муштараки тадқиқотӣ, ташкили форумҳо, семинарҳо ва мизҳои мудаввар оид ба масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн пешбинӣ шудааст.

Барои маълумот: Шӯрои амрикоӣ оид ба сиёсати хориҷӣ соли 1982 таҳти раёсати президенти ИМА Роналд Рейган таъсис ёфтааст. Шӯро аъзоёни конгресси ИМА-ро бо маълумот таъмин карда, ба кор карда баромадани стратегияи сиёсати хориҷии Америко таъсир мерасонад. Қароргоҳ дар Вашингтон, ҳавзаи Колумбия ҷойгир аст.