Мақсади асосии лоиҳа оммавигардонии иқтидори сайёҳӣ ва ҷозибадории Ўзбекистон ҳамчун як макони сайёҳӣ дар Британияи Кабир мебошад, ки тавассути сафарҳои гурӯҳӣ ва инфиродӣ сайёҳони эҳтимолӣ бо пешниҳодҳои гуногуни сайёҳӣ ва арзишҳои фарҳангии Ӯзбекистон шинос мешаванд.
Ғайр аз ин, ҳамкории Ўзбекистон бо Британияи Кабир дар соҳаи сайёҳӣ, таҳияи хатсайрҳои нави сайёҳӣ, ки мавриди таваҷҷуҳи сайёҳон мебошанд, инчунин бастани созишномаҳо байни ширкатҳои сайёҳӣ ва тавсеаи шабакаҳои ҳамкорӣ ҷанбаҳои муҳимми рушди муносибатҳои иқтисодии ин кишварҳо мебошанд.
Маълумот: Saga Travel Group яке аз брендҳои эътирофшуда ва боэътимод дар байни истеъмолкунандагони Британияи Кабир буда, дар тӯли зиёда аз 70 сол ба мизоҷони худ ҳамчун провайдери касбии хидматрасонии сайёҳӣ, суғурта ва молия хизмат мерасонад.