Алоқаҳои кооператсионии байни минтақаҳои Ӯзбекистон ва Чин вусъат меёбанд

    Тиҷорат 30 Sentabr 2024 1466

    Ҳайати соҳибкорони ноҳияи Риштони вилояти Фарғона аз музофоти Гуандуни Чин дидан кард.

    Зимни сафар бо ноиби президенти маҷмааи савдои LIUHUA Пинг Чан, президенти Ассотсиатсияи сармоягузории корхонаҳои хусусии Дунгуан Ҷян Чжан гуфтушунидҳо ва мулоқотҳо дар ширкати "Guangdong Paiyi Ceramics Co., Ltd." баргузор гардиданд.

    Ҷонибҳо доир ба ташкили намоишгоҳи ҳунарҳои дастии Риштон дар Чин, ҳамчунин ифтитоҳи хонаҳои савдои ду ҷониб дар қаламравҳои ҳамдигар табодули афкор намуданд, хабар медиҳад АИ «Дунё».

    Ҳангоми боздид аз корхонаи "Guangdong Paiyi Ceramics Co., Ltd." аъзои ҳайати вакилон бо раванди истеҳсолот шинос шуда, масъалаҳои ба роҳ мондани ҳамкории тарафайн барои беҳтар намудани сифати сафолии Риштонро муҳокима карданд.

    Дар мулоқот бо Ҷиан Чжан, раиси Ассотсиатсияи сармоягузории корхонаҳои хусусии Дунгуан, ки соли 2014 таъсис ёфта, имрӯз беш аз 600 ширкатро муттаҳид мекунад, ҷонибҳо доир ба ташкили миссияҳои тиҷории мутақобила, кушодани хонаҳои савдо ва татбиқи муштараки лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба мувофиқа расиданд.

    Байни маъмурияти ноҳияи Риштон ва Ассотсиатсия барои роҳандозии ҳамкориҳои стратегӣ созишнома ба имзо расид.


    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates