Масъалаҳои интиқоли автобусҳо аз Чин баррасӣ шуданд

    Нақлиёт 23 Dekabr 2022 1090

    Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Илҳом Маҳкамов бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ӯзбекистон хонум Сзян Ян мулоқот анҷом дод.

    Дар мулоқот, ки бо ҳузури намояндагони сафорати Чин дар Ӯзбекистон, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ӯзбекистон дар Чин Фарҳод Арзиев баргузор шуд, ҷонибҳо масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиётро баррасӣ карданд.

    Аз ҷумла, масъалаҳои роҳандозии ҳамкорӣ дар таъмини автобусҳои тавлиди корхонаҳои бузурги Чин баррасӣ шуданд.

    Ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои маблағгузории хариди автобусҳо, муҳлати интиқол ва ташкили кор оид ба интиқоли босуръати автобусҳо аз Чин ба Ӯзбекистонро баррасӣ карданд.

    Дар навбати худ хонум Сзян Ян омодагии худро барои расонидани кумаки ҳамаҷониба дар ҳалли масъалаҳои дар мулоқот баёншуда изҳор дошта, аҳамияти ислоҳотро, ки барои рушди нақлиёти ҷамъиятӣ дар кишвари мо нигаронда шудааст, таъкид кард.

    No date selected
    July 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates