Дар ин бора агентии Reuters бо истинод ба гузориши ташкилот хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, Эрон аллакай барои қатъ кардани ғанисозии уран омодагии ибтидоӣ нишон додааст.
Захираҳои гексафториди уран (UF6), ки то 60% ғанисозӣ шудаанд, аз моҳи август аз 164,7 кг то 182,3 кг афзудаанд. Тибқи маълумоти МАГАТЭ, 42 кг урани ғанишуда бо 60% "аз ҷиҳати назариявӣ барои сохтани бомбаи ҳастаӣ дар сурати ғанисозии минбаъда кофӣ аст".
Теҳрон инчунин розӣ шудааст, ки воридшавии чаҳор нозири иловагии МАГАТЭ ба кишварро баррасӣ кунад, хабар медиҳад tass.ru бо истинод ба Reuters.