Рейн-Рур-2025: Нажмиддин Қосимхӯҷаев — дукарата ҷоизадори Универсиада

    Варзиш 22 Iyul 2025 751

    Таэквондочиёни мо дар Универсиадаи тобистона, ки дар Олмон идома дорад, ба хазинаи медалҳои дастаи мунтахаби Ӯзбекистон боз як медал зам карданд.

    Ин навбат медали биринҷиро Нажмиддин Қосимхӯҷаев ба даст овард.

    Варзишгари ӯзбекистонӣ, ки дар вазни то 74 кг ҳунарнамоӣ мекард, бо боварии комил то даври ниманиҳоӣ расид, вале дар ин марҳила аз намояндаи Бразилия Винисиус Матос мағлуб шуд. Бо вуҷуди ин, Қосимхӯҷаев бори дуюм дар фаъолияти варзишии худ дар Универсиада соҳиби ҷои сеюм гардид.

    Тавре Кумитаи миллии олимпии Ӯзбекистон хабар медиҳад, ду сол қабл низ ӯ дар мусобиқоте, ки дар шаҳри Чэндуи Чин баргузор шуда буд, медали биринҷӣ гирифта буд.

    Ҳамин тариқ, то имрӯз дар ҳисоби дастаи мунтахаби Ӯзбекистон 2 медали тилло, 3 нуқра ва 3 биринҷӣ ҳаст.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates