Дар қувваозмоӣ барои баромадан ба финал Холмуродов бо рақиби худ аз Таиланд рӯ ба рӯ шуд. Бо вуҷуди муборизаи шадид, ӯ дар ин вохӯрӣ мағлуб гардид ва бо медали биринҷӣ баромадашро дар чемпионати ҷаҳон анҷом дод.
Дар маросими тақдими ҷоизаҳо роҳбарияти Кумитаи миллии олимпӣ ҳузур дошта, варзишгарро бо ин натиҷа табрик намуд ва барояш дар оянда комёбиҳои нав таманно кард.