Роҳбари давлати мо тамоми мардуми Туркияро ба муносибати иди миллии ин кишвар – Рӯзи ҷумҳурӣ самимона табрик гуфта, ба онҳо сулҳ, рушди устувор ва шукуфоӣ орзу намуд.
Зимни суҳбат масъалаҳои таҳкими минбаъдаи муносибатҳои шарикии стратегии ҳамаҷонибаи Ӯзбекистону Туркия, аз ҷумла дар соҳаҳои сиёсиву дипломатӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ мавриди баррасии муфассал қарор гирифтанд.
Ҷонибҳо аз ба роҳ монда шудани робитаҳои фаъоли дуҷониба дар тамоми сатҳҳо дар солҳои охир изҳори қаноатмандӣ карданд. Ҳаҷми гардиши молу маҳсулот ва сармоягузориҳои мутақобила, шумораи корхонаҳои муштарак ва парвозҳои ҳавоӣ мунтазам афзоиш меёбанд. Ҳамчунин, дар самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ чорабиниҳои муштарак мунтазам баргузор мегарданд.
Ҷонибҳо аҳаммияти таъсиси Шӯрои сатҳи баланд оид ба дастгирии соҳибкорӣ, омодагии ҳамаҷониба ба ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ, васеъ намудани маҷмӯи лоиҳаҳои ояндадор, инчунин идомаи пайгиронаи ҳамкориҳои амалӣ дар самтҳои навро махсус таъкид карданд.
Ҳамчунин, роҳбарони Ӯзбекистон ва Туркия оид ба ҷадвали чорабиниҳои дарпешистода ва масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор намуданд.