Русия дар давоми ду сол ба Тошканд боз 60 вагони метро мефиристад

    Нақлиёт 28 May 2024 2540

    Корхонаи «Метровагонмаш»-и Русия ният дорад, ки барои интиқоли 60 вагони метро дар тӯли солҳои 2024-2025 шартнома имзо кунад. Дар ин бора губернатори вилояти Маскав Андрей Воробёв хабар дод.

    «Соли гузашта мо барои метрополитени Тошканд 44 вагон фиристода будем ва то охири моҳи июн 12 вагонашро мефиристем. Дар солҳои 2024-2025 барои интиқоли боз 60 вагон шартномаро омода намудем», — менигорад дар Telegram канали худ.

    Воробев илова намуд, ки интиқолро корхонаи «Метровагонмаш» анҷом медиҳад. Тавре ки хидмати матбуоти губернатор шарҳ дод, вилояти Маскав дар навбати худ ба харидории автобусҳо аз вилояти Самарқанд шурӯъ кардааст. Айни замон мошинҳои дараҷаи миёна дар ҳолати озмоишӣ қарор доранд, хабар медиҳад ТАСС.

    Сарвари минтақа ҳамчунин дар бораи дигар лоиҳаҳое, ки дар ҳамкорӣ бо Ӯзбекистон амалӣ мешаванд, сухан гуфт. Инак, соли гузашта дар Самарканд заводи «Щелково агрохим» оид ба истеҳсоли пестисидҳо ба кор даромад. Иқтидори он дар як сол 15-20 ҳазор тонна маҳсулотро ташкил медиҳад, ки талаботи Ӯзбекистонро пурра таъмин мекунад. Дар ин ҷо барпо намудани маркази селексиониву генетикии ғалладона ва лубиё пешбинӣ шудааст.


    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates