Котиби давлатии ИМА Марко Рубио дар як брифинги пӯшида бо мақомдорони баландпоя изҳор доштааст, ки Вашингтон нияти ба Гренландия ҳамла карданро надорад ва ҳадаф харидории ин ҷазира аз Дания мебошад, хабар медиҳад Wall Street Journal бо истинод ба манбаъҳо.

«Котиби давлатӣ Марко Рубио ба қонунгузорон фаҳмондааст, ки таҳдидҳои ахири маъмурият нисбат ба Гренландия нишонаи ҳамлаи наздик нест ва ҳадаф харидории ҷазира аз Дания мебошад», — менависад нашрия.

Бино ба иловаи Рубио, Кохи Сафед аз ин изҳорот барои фишор овардан ба Дания ҷиҳати оғоз кардани музокирот истифода мебарад, хабар додааст ria.ru.