Бо мақсади ислоҳоти инфрасохтори роҳи оҳан ва пӯшонидани хароҷоти барқ ва сӯзишворӣ, хароҷоти логистикӣ ва нақлиётӣ, инчунин барои навсозии парки вагонҳои мусофирбар, хариди қатораҳои нави электрикӣ, нигоҳдории вокзалҳои роҳи оҳан мувофиқи талаботи замон ва таъмини хизматрасонии босифат ба мусофирон аз 1 феврали соли 2025 нархҳо барои чиптаҳои VIP, бизнес-класси қатораҳои электрикии тезрави «Afrosiyob» 25 фоиз, барои чиптаҳои синфи сарфа 20 фоиз ва барои қатораҳои мусофирбари тезрави «Шарқ», «Насаф» ва «Ӯзбекистон» 30 фоиз зиёд мешаванд.
Ҳамин тавр, нархҳо барои чиптаҳои қатораҳои электрикии «Afrosiyob» чунин хоҳанд буд:
Тошканд – Бухоро:
VIP 994 000 сӯм
Бизнес 751 000 сӯм
Сарфа 484 000 сӯм
Тошканд – Қаршӣ:
VIP 854 000 сӯм
Бизнес 634 000 сӯм
Сарфа 406 000 сӯм
Тошканд — Самарқанд:
VIP 619 000 сӯм
Бизнес 450 000 сӯм
Сарфа 294 000 сӯм.
Ёдовар мешавем, мувофиқи Қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 10 октябри соли 2023 ҚП-329 «Дар бораи тадбирҳо оид ба ислоҳоти куллии соҳаи нақлиёти роҳи оҳани Ҷумҳурии Ӯзбекистон», аз 1 январи соли 2024 аз амалияи танзими давлатии тарифҳо барои хизматрасониҳои нақлиёти мусофирбар дар қатораҳои тезрав ва тезгард даст кашида шуда, гузариш ба механизми танзими онҳо дар асоси принсипҳои бозорӣ сурат мегирад.