Аз 1 ноябри соли 2022 ба ҷудо кардани қарзи ипотекӣ, инчунин субсид ба манзил дар ҳолати “қуттӣ” рухсат дода шуд

    Дар АИКО оид ба ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои харидорон ҳангоми харидории манзилҳои аз ҷониби соҳибкорони инфиродӣ сохташуда бо иштироки масъулини вазорати сохтмон нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

    Лаҳзаҳои асосии ишасти матбуотӣ:

    Нархи манзили шахсии сохташавандаро факат бозор муайян мекунад, вазорат онро назорат карда наметавонад.

    Мувофиқи қарори дахлдори Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон аз 1 январи соли 2023 аз музди меҳнат ва дигар даромади шаҳрвандон, ки барои хариди манзил субсид мегиранд ва барои пӯшондани қарзҳо ва фоизҳои ҳисобшуда нигаронда мешаванд, андози даромад ситонда намешавад.

    Имтиёзи дар ин қарор пешбинигардида ба қарзгирандагон ва шарикони қарзгир дар қисми даромаде, ки аз миқдори ҳаштод баробари музди меҳнати камтарин дар тӯли як давраи андоз зиёд намебошад, татбиқ мегардад.

    Аз соли 2023 ҳангоми фурӯши амвол дар тӯли 36 моҳ, ки аз ҳисоби воми ипотекӣ гирифта шудааст, аз даромади ба қарз ва пӯшондани фоизҳо нигарондашуда ба тартиби муқарраргардида андоз ситонда мешавад.

    Аз 1 ноябри соли 2022 сар карда ба ҷудо кардани қарзҳои ипотекӣ барои хариди хона аз бозори аслии манзил дар хонаҳое, ки аз ҷониби ташкилотҳои пудратии хусусӣ сохта шудаанд, бидуни шарти супурдан "таҳти калид" (ба ҳуҷраҳо ҷудо карда, барои корҳои пардозӣ омода шудаанд), инчунин пардохти субсид ба ҷуброни қисми бадали аввалия ва қисми фоизҳо оид ба қарзи ипотекӣ рухсат дода мешавад.

    Мувофиқи қарор, муҳлати амали огоҳинома дар бораи ҷудо кардани субсид, ки дар доираи параметрҳои мақсадноки ҷудо кардани қарзҳои ипотекӣ дар соли 2021 мувофиқи тартиби нав пешниҳод шудаанд, то 31 декабри соли 2022 дароз карда шудааст.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates