Аз 1 сентябр сарҳади Қирғизистону Ӯзбекистонро бо ID-карт убур кардан мумкин аст

    Аз 1 сентябри соли 2023 шаҳрвандони Ӯзбекистон ва Қирғизистон метавонанд барои ворид шудан, баромадан, ҳаракат ва будубош дар ҳудуди ду кишвар аз ID-корт истифода кунанд.

    25 августи соли 2023 Протокол дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи сафарҳои мутақобилаи шаҳрвандон (Бишкек, 27 январи соли 2023) эътибор пайдо кард.

    Зимнан зикр мегардад, ки истифодаи амалии ID-кортҳои идентификатсионӣ барои ворид шудан, баромадан, транзитӣ гузаштан, ҳаракат ва будубош дар қаламрави ду кишвар тибқи мувофиқаномаи тарафайн аз соати 00:00 1 сентябри 2023 амалӣ карда мешавад.

    Тибқи тағйироте, ки ба Протокол ворид шудааст, барои шаҳрвандони ҳарду кишвар тартиби якхелаи механизми соддашудаи убури Сарҳади давлатӣ ҷорӣ карда мешавад.

    Аз ҷумла, акнун шаҳрвандони Ӯзбекистон ва Қирғизистон бо истифода аз корти ID-и идентификатсионӣ метавонанд то 60 рӯз ба қаламрави ду кишвар ворид шаванд, ҳаракат ва будубош кунанд.

    Шаҳрвандони Ӯзбекистон метавонанд бо шиносномаи биометрӣ барои сафар ба хориҷа ба кишварҳои дигар ворид шаванд, берун оянд ва тавассути қаламрави Ҷумҳурии Қирғизистон транзит ба дигар давлатҳо раванд, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates