Ташаббусҳои нави муштарак бо Siemens Energy таҳия карда мешаванд

    Энергетика 1 Iyun 2023 1352

    31 майи соли равон муовини вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдо Сарвар Ҳамидов бо президенти минтақаи аврупоии Siemens Energy Ариэл Порат мулоқот анҷом дод.

    Зимни мулоқот масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ шуданд. Аз ҷумла, сухан дар бораи татбиқи амалии лоиҳаҳои муштарак ба маблағи 3,4 миллиард евро, аз ҷумла бунёди як корхонаи буғугазӣ дар вилояти Сурхондарё, инчунин неругоҳи барқии офтобӣ ва ҳароратӣ дар пойгоҳи ҶС “Навоиазот” рафт.

    Бар замми ин, дар мулоқот дурнамои ҳамкорӣ дар соҳаи рушди рақамисозӣ, металлургия, электротехника, энергетикаи водродӣ, инчунин соҳаи нафту газ муайян карда шуданд.

    Бинобар натиҷаҳои гуфтушунид тасдиқ намудани "Харитаи роҳ"-и муштарак бо ба он ворид намудани лоиҳаҳои дақиқ, механизмҳои қадам ба қадам ва мӯҳлатҳои дақиқи иҷроиш созиш ба даст омад хабар медиҳад хидмати матбуоти ВССХ.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates