Дар мулоқот самтҳои асосии ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ гардиданд. Аз ҷумла, ба табодул дар бахшҳои таълим ва фарҳанг, инчунин нақшаҳои густариши ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои Амрико диққати махсус дода шуд.
Ҳамчунин, масъалаҳои рушди муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва дастгирии занон низ баррасӣ шуданд. Дар бораи корҳое, ки дар ин ҷода дар Ӯзбекистон амалӣ мегарданд: барномаҳо барои бонувони соҳибкор, таъмини шаффофӣ дар тақдими захираҳои молиявӣ ҳарф заданд.
“Ба шарикони амрикоии худ барои дастгирии доимӣ ва муоширати ошкоро миннатдорӣ баён мекунем. Итминон дорем, ки дар оянда боз бисёр натиҷаҳоро якҷоя ба даст меорем”, — навиштааст Саида Мирзиёева дар канали Telegram-и худ.









