«Дар натиҷаи ба кор андохтани ин система тамоми равандҳои асосӣ дар муассисаҳои тиббӣ зина ба зина автоматӣ карда шуда, барномаи умумие ҷорӣ карда мешавад, ки имкон медиҳанд маълумотҳо дар бораи саломатии беморон аз сарчашмаҳои гуногун дар картаи ягонаи тиббии электронӣ якҷоя карда шаванд. Инчунин, тавассути оптимизатсияи ҳаҷми корҳо самаранокии фаъолияти тамоми зинаҳои муассисаҳои тандурустӣ баланд бардошта мешавад.
Боварӣ дорам, ки агар лоиҳа тибқи нақша амалӣ шавад, он барои ҳама: ҳам барои кормандони соҳа ва ҳам барои аҳолӣ муфид хоҳад буд”, - омадааст дар саҳифаи ёвари Президент.