Дар ҷараёни суҳбат масъалаҳои рушди ҳамкории мутақобилан судманд бо маъмурияти нави ИМА бо дарназардошти воқеиятҳои босуръат тағйирёбанда муҳокима шуданд.
Ҳар ду ҷониб ҳамчунин оид ба фароҳам овардани имкониятҳо барои занон, беҳтар намудани соҳаи маориф ва таҳкими муносибатҳои тиҷоративу иқтисодии дуҷониба табодули афкор намуданд.