Саида Мирзиёева бо Имоми аъзами Миср мулоқот кард

    Роҳбари Администратсияи Президент Саида Мирзиёева дар Қоҳира бо Имоми Аъзами Миср, роҳбари маҷмааи «Ал-Азҳар» шайх Аҳмад Муҳаммад Таййиб мулоқот кард.

    «Ба Ҳазрати шайх саломи самимона ва таманноҳои накӯи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёевро расондам.

    Аз рӯйи масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои Ӯзбекистон ва Миср дар соҳаҳои маънавият ва илму таълим табодули афкор намудем. Аҳамияти ҳамкории наздик дар тарғиби ғояҳои Исломи маърифатӣ ва ҳифзи ҷавонон аз ифротгароӣ таъкид гардид.

    Ҳамчунин, манфиатдории дуҷониба аз густариши барномаҳои муштарак, мубодилаи академӣ ва омӯзиши густурдаи дастнависҳо изҳор гардид», — навишт Саида Мирзиёева.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates