Самарқанд ва Исфаҳон ҳамкориро вусъат медиҳанд

    Сафири Ӯзбекистон Фариддин Насриев бо мэри шаҳри Исфаҳони Эрон Алӣ Қосимзода мулоқот кард. Ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориҳои байниминтақавӣ дар соҳаҳои гуногунро баррасӣ карданд.

    Қайд карда шуд, ки дар шаҳри Исфаҳон ба густариши робитаҳои фарҳангӣ бо шаҳрҳои бостонии Ӯзбекистон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мешавад. Ба ин муносибат дар соли 2021 имзо шудани меморандуми ҳусни тафоҳум дар бораи додани мақоми бародаршаҳрҳо ба Самарқанд ва Исфаҳон рӯйдоди муҳим гардид, хабар медиҳад АИ "Дунё".

    Шаҳрдори Эрон омодагии худро барои баргузории мулоқотҳои онлайн бо ширкати ҳокими Самарқанд, фаъол кардани табодули мутақобилаи ҳайатҳо ба манзури таъмини иҷрои тафоҳум ва густариши равобит дар бахшҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, соҳаҳои сайёҳӣ ва фарҳанг изҳор кард.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates