Ба иттилои хидмати матбуоти Вазорати фарҳанг, дар чаҳорчӯби конфронс Самарқанд пойтахти фарҳангии ҷаҳони ислом барои соли 2025 тасдиқ карда шуд. Ин мақом имкон медиҳад, ки мероси фарҳангии яке аз қадимтарин шаҳрҳои Осиёи Марказӣ ба ҷаҳониён намоиш дода шавад, хабар медиҳад АИ "Дунё".
Дар конфронс ҳамчунин як қатор масъалаҳои марбут ба принсипҳои пешбари сиёсати ҷаҳонии фарҳангӣ ва нишондиҳандаҳои рушди устувор, арзёбии сарвати зинда ва донишҳои анъанавии башарият дар ҷаҳони ислом, инчунин мубориза бо гардиши ғайриқонунии сарватҳои фарҳангӣ баррасӣ шуданд.