Самарқанд бинобар барномаи БАТР дар Ӯзбекистон аввалин шаҳри "сабз" гардид

    Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ба лоиҳаи роҳандозии автобусҳои барқӣ дар Самарқанд ва коркарди нақшаи чорабиниҳо барои кабудизоркунии шаҳр сармоягузорӣ мекунад.

    Самарқанд аввалин шаҳр дар Ӯзбекистон гардид, ки ба барномаи "Шаҳрҳои сабз"-и арзишаш 3 миллиард евро ҳамроҳ шуд, хабар медиҳад, хидмати матбуоти БАТР.

    Акнун шаҳр бояд банақшагирии рушди устувори худро такмил диҳад ва барои ҳалли масъалаҳои экологӣ барномаи махсуси кабудизоркуниро таҳия кунад, гуфта мешавад дар меморандуми ҳусни тафоҳум. Ин санад имрӯз дар ҷараёни сафари ноиби аввали президенти БАТР Юрген Ригтеринк ба ҷумҳурӣ ба имзо расид.

    Ин қадам, ба гуфтаи коршиносони БАТР, Ӯзбекистонро барои ноил шудан ба бетарафии карбон то соли 2050 наздик кард.

    БАТР барои роҳандозии автобусҳои барқӣ дар Самарқанд кӯмаки молӣ хоҳад расонд. Маблағ инчунин барои таҳияи нақшаи чорабиниҳо оид ба кабудизоркунии шаҳр гузошта мешавад.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates