Маҷмаае, ки дар ноҳияи Самарқанд сохта мешавад, 10 ҳазор нафарро бо ҷойи кор таъмин хоҳад кард

    Ҳукумат 24 Avgust 2023 5103

    Президент Шавкат Мирзиёев аз сохтмони маҷмааи савдою саноат ва хизматрасонии ноҳияи Самарканд дидан кард.

    Майдони он 37 гектарро ишғол мекунад. Дар ин ҷо ба маблағи 2 триллиону 79 миллиард сӯм 7 лоиҳа ба амал бароварда мешавад.

    Ба наздикӣ лоиҳаи якум — бозори қисмҳои эҳтиётии автомобил ба роҳ монда мешавад. Дар дӯконҳои бозор, ки масоҳати умумии 11 гектарро ташкил медиҳад, 3000 ҷойи корӣ таъсис дода мешавад.

    Ҳоло сохтмони корхонаҳои истеҳсоли газоблокхо, пенопласт, оҳак ва герметик босуръат давом дорад. Дар солҳои наздик ифтитоҳи маркази савдою фароғатӣ, корхонаҳои коркарди шиша, истеҳсоли чаҳорчӯби пластикӣ ва алюминӣ дар назар аст.

    Дар маҷмӯъ, ин лоиҳаҳо имкони бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудани 10 ҳазор нафарро фароҳам хоҳад овард.

    Сарвари давлатамон ба аҳамияти таъсиси ҷойҳои корӣ таваҷҷуҳи алоҳида дода, муҳим будани тезондани лоиҳаҳо, тавсеаи истеҳсолот ва бо ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандони бекорро таъкид намуд.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates