Миннатдории самимӣ

    Ба сарони давлатҳо, ҳукуматҳо ва парлумонҳои хориҷӣ, арбобони сиёсӣ ва ҷамъиятӣ, намояндагони доираҳои соҳибкорӣ, роҳбарони созмонҳои байналмилалӣ, сокинони маҳаллаҳо ва ҷамоаҳои меҳнатии кишварамон, ба ҳамаи ҳамватанон, ки ба муносибати рӯзи таваллуди ман табрикоти самимӣ ва таманноҳои беҳтарин фиристодаанд, изҳори сипос мекунам..

    Ин табрику таманниёти ба унвонам ирсолшударо, пеш аз ҳама, таҷассуми эҳтиром ва эъзозу икроми баланд ба халқу давлати Ӯзбекистон, эътимод ба ислоҳоти васеъмиқёсе, ки дар кишварамон амалӣ мегарданд ва ояндаи дурахшони кишвар медонам.

    Аз фурсат истифода бурда, бори дигар аз самими қалб меҳру эҳтироми бепоёни фарзандии худро ба халқи меҳнатдӯсту саховатманду наҷиб изҳор менамоям.

    Итминон дорам, ки ба шарофати меҳнати фидокорона, неруи бузурги созанда ва ваҳдати халқамон мо ба ҳадафҳои баланде, ки дар мавриди бунёди Ӯзбекистони Нав гузошта шудаанд, ҳатман мерасем.

    Бо эҳтироми амиқ,

    Шавкат Мирзиёев,

    Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон


    No date selected
    July 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates